Featured In

Credits

AUSFÜHRENDE KÜNSTLER:INNEN
Parviz Sharipov
Parviz Sharipov
Künstler:in
KOMPOSITION UND LIEDTEXT
Parviz Sharipov
Parviz Sharipov
Texte
Парвиз Шарипов
Komponist:in
Шеъри Устод: Лоиқ Шералӣ
Komponist:in

Lyrics

Ёд дорӣ соатеро, ки ба бар Куртаи парпаргиребон доштӣ? Бо табассум сӯи ман меомадӣ, Рӯи раҳ нозу адо мекоштӣ? Ёд дорӣ соатеро, ки ба ту Мисли тифли навзабон гап мезадам, Дар дилам сад достон буду вале Ларз-ларзон пеши ту меомадам? Ёд дорӣ бегаҳеро, ки ба боғ Аз таҳи бозуи ту медоштам, Завқ мекардию қаҳ-қаҳ мезадӣ, Ноз мекардию мебардоштам? Оҳ, мебинам туро ҳоло дигар, Дар бари рухсораат чину шикан. Ёд меояд маро з-айёми нек, Ки ҷавонӣ буду ту будию ман. Олами пиндори ишқу ошиқӣ Пеши чашмонам нагардида падид, Пардаи пиндор нобардошта, Байни мову ту ҷудоӣ даррасид. Зиндагонӣ бурд аз наздат маро, Бурд бо сад роҳҳои печу хам. Гарчи аз ёдам нарафтӣ, лек ман Дур будам, дур аз ту, эй санам.
Writer(s): шеъри устод: лоиқ шералӣ Lyrics powered by www.musixmatch.com
instagramSharePathic_arrow_out