Topsongs van Parviz Sharipov
Credits
AUSFÜHRENDE KÜNSTLER:INNEN
Parviz Sharipov
Künstler:in
KOMPOSITION UND LIEDTEXT
Parviz Sharipov
Komponist:in
Songteksten
Бояд рафт
Аз зиндагии касоне, ки барои буданат эҳтиёҷ надоранд.
Бояд рафт...
Аз дунёи нафароне,
ки аз хуб будани ту истифода намуда,
ҳар чӣ дилашон хост дар ҳаққат раво мебинанд.
Бояд рафт...
Аз дидаи касоне, ки нигоҳашон лабрези нафрат аст.
Бояд рафт...
Аз шаҳре, ки бӯйи муҳаббат ҳеҷ ба машом намерасад.
Бояд рафт...
Аз дунёи касоне, ки корашон ҳамеша дилозорист.
Бояд рафт...
Он гуна, ки ҳатто рӯҳат хабар надошта бошад, ки ба куҷо меравӣ,
то атрофиёни дилозорат ҳеҷ вақ хабар наёбанд,
ки куҷо ҳастӣ ва дубора натавонанд дилатро шикананд...

Written by: Parviz Sharipov, Парвиз Шарипов