Canciones más populares de Parviz Sharipov
Créditos
AUSFÜHRENDE KÜNSTLER:INNEN
Parviz Sharipov
Künstler:in
KOMPOSITION UND LIEDTEXT
Парвиз Шарипов
Komponist:in
Letras
Аз дур ошёни туро ёд мекунам,
Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.
Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам,
Айвони гулфишони туро ёд мекунам.
Аз ҳафт ранги тобиши рангинкамони дур,
Садрангии ҷаҳони туро ёд мекунам.
Дар об дида ҷилваи чашми ситорагон,
Чашмони меҳрубони туро ёд мекунам.
То бӯи дард бишнавӣ аз шеърҳои ман,
Он дардҳои ҷони туро ёд мекунам.
Ҳар гаҳ забони хомаам гирад зи изтироб,
Лабҳои байтхони туро ёд мекунам.
Аз бас дар остонаат мондаст лахти дил,
Як умр остони туро ёд мекунам.
Writer(s): шеъри устод: лоиқ шералӣ
Lyrics powered by www.musixmatch.com